9 Ноябр 2025 - 10:54
Source: ABNA
Ғолибаф: Амрико бояд паёмадҳои таҷовуз ба Эронро бипазирад

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ гуфт: "Амрико бояд паёмадҳои таҷовуз ба Эронро бипазирад; мо дар баробари ҳар таҳдид истодаем."

Бино ба гузориши хабарнигори АБНО, Муҳаммадбоқир Ғолибаф дар нутқи пеш аз дастури худ дар ҷаласаи ошкорои имрӯза (якшанбе, 8 ноябр) Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, изҳор дошт: "Дар пайи эътирофи раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба доштани масъулияти мустақим дар таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эрон, ки нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ, маншури Милали Муттаҳид ва ҳокимияти миллии кишвари мо ба шумор меравад, инҷониб ба намояндагӣ аз миллати азиз ва шарифи Эрон ин амали шанеъро ба шадидтарин ваҷҳ маҳкум мекунам ва эълом медорем, ки давлати Иёлоти Муттаҳида тибқи қонунҳои байналмилалӣ бояд паёмадҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва низомии ин таҷовузи ошкорро, ки мунҷар ба шаҳид шудани теъдоди зиёде аз шаҳрвандони мо шудааст, бипазирад."

Ғолибаф таъкид кард: "Миллати Эрон бо ваҳдат ва иқтидор дар баробари ҳар гуна таҳдиде истода ва мутаҷовизонро нисбат ба иқдомоти таҷовузкоронаи худ посухгӯ хоҳад кард."

Вай идома дод: "Ҳамчунин лозим медонам, ки барои истҳзори миллат ва намояндагон, гузоришеро аз сафари ахири худ ба кишвари бародар ва ҳамсоя, Покистон ироа диҳам. Ин сафар дар ростои мутолибаи роҳбари инқилоб аз Маҷлис ва дар чорчӯби дипломасияи парлумонӣ бо даъвати раиси Маҷлиси миллии Покистон анҷом шуд."

Раиси Маҷлис афзуд: "Яке аз аҳдофи ин сафар расондани паёми ташаккури мардум ва роҳбари инқилоб аз ҳимоятҳои Маҷлис ва масъулон ба хусус мардуми Покистон буд ва ҳадафи дигари он тақвияти иртибототи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятии байни ду кишвар таъйин шуда буд."

Ғолибаф тасриҳ кард: "Покистон барои Эрон аз аҳаммияти роҳбурдии болое дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ бархӯрдор аст, чаро ки ниёзҳои тиҷории ду кишвар мукаммили якдигар буда, иштирокоти фарҳангии онҳо умқи бисёр бое дорад, зарфиятҳои муҳимме барои ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоӣ қобили дастрасӣ аст ва мавқеияти ҷуғрофии ин кишвар метавонад пуле барои иттисоли Эрон ба Шарқи Осиё ва фаротар аз он бошад."

Вай мутазаккир шуд: "Дар ин сафари се рӯза, барои пайгирии аҳдофи зикршуда, ҳайати парлумонии Эрон бо мақомоти олирутбаи Покистон, яъне раиси Маҷлиси миллӣ, кафили риёсати ҷумҳурӣ ва раиси Маҷлиси сена, нахуствазир ва фармондеҳи артиши ин кишвар дидор кард ва ду нишасти самимона бо фаъолони иқтисодии Эрон ва Покистон ва нухбагони сиёсӣ ва фарҳангӣ низ баргузор шуд."

Your Comment

You are replying to: .
captcha